8 ноябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ Ҳамоиши иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Эрон баргузор гардид.
Чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон гузаронида шуда, дар он ҳайатҳои ҳукуматии ду давлат ва доираи васеи соҳибкорони Тоҷикистону Эрон иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоишро барои мубодилаи афкор ва таҷриба, баррасии имкониятҳои мавҷуда ва тавсеаи ҳамкории судманди ду давлат муҳим арзёбӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои ин Ҳамоиш ба пешбурди ҳамкории дуҷонибаи давлатҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва тиҷорат мусоидати муассир хоҳанд намуд.
Таъкид гардид, ки масъалаҳои таҳкиму тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аз самтҳои муҳимми муносибатҳои ду давлат ба шумор мераванд.
Бо натиҷагирӣ аз мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуданд, ки татбиқи амалии “Барномаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ байни ду давлат то соли 2030” натиҷаҳои назаррас ба бор хоҳад овард.
Президенти мамлакат иброз доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ба масъалаи таъмин намудани пешрафти бахши хусусӣ тавассути ҷалби сармоя эътибори махсус зоҳир намуда, онро яке аз ҳадафҳои сиёсати иқтисодии худ эътироф намудааст.
Дар қонунгузории мамлакат барои ҳифзи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ имтиёзҳои зиёд ва кафолатҳои васеи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Ҳамчунин тибқи қонунгузориҳои мамлакат, барои сармоягузорону соҳибкорон беш аз 240 номгӯйи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёзу сабукиҳо дар самтҳои андозу гумрук пешбинӣ шудааст.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самтҳои асосию стратегии мамлакат, аз ҷумла саноатикунонии босуръати мамлакат ва имкону захираҳои табии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, сарватҳои фаровони табиӣ, махсусан захираҳои обу маъданро муаррифӣ намуданд.
Президенти мамлакат таваҷҷуҳи иштирокчиёни Ҳамоиши иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Эронро ба истифодаи босамари иқтидорҳои соҳаи гидроэнергетика ва сармоягузорӣ ба ин самт ҷалб намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии пурмуҳтаво ҳамчунин оид ба зарфиятҳои мавҷудаи рушди “иқтисоди сабз”, густариши ҳамкории доираҳои соҳибкории ду давлат дар соҳаҳои барои ҷонибҳо судовари саноати маъдан, металлургӣ, кимиё, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ андешаҳои ҷолиб баён намуданд.
Таъкид гардид, ки соҳаҳои номбаршуда ва дигар арсаҳои тиҷоративу иқтисодӣ метавонанд барои тавсеаи ҳамкории барои ҷонибҳо судманд заминаи муносиб бошанд.