Миёни Тоҷикистон ва Россия барои мубориза маводи мухаддир созишнома ба имзо расид

2 ноябри соли 2023 дар Агентии назорати маводи нашъаовар маросими баимзорасонии Созишнома байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ ва мусоидат кардан ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо баргузор гардидааст.

Сомонаи Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар ин бора хабар дода, менавиад, ки аз ҷониби Агентӣ Созишномаи мазкурро Директори Агентӣ, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода ва аз ҷониби ВКД-и Федератсияи Россия Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Владимир Колоколтсев бо таври фосилавӣ ба имзо расониданд.

Дар маросими имзои Созишномаи мазкур Сафири фавқуллода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Григорев Семён Вячеславович ва роҳбари намояндагии ВКД-и Россия дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

Созишномаи мазкур бо роҳи татбиқи Барномаи мусоидат кардан ба Агентӣ дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар давоми солҳои 2023-2025 амалӣ карда мешавад.

Директори Агентӣ ба Сафир барои дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Федератсияи Россия ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Агентӣ бо Вазорати корҳои дохилии ин кишвар дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар изҳори сипос намуда, оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои кишвар дар самти назорати маводи нашъаовар маълумот пешниҳод намуданд.

Дар навбати худ Сафир ҳамкориҳои Федератсияи Россияро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шарики стратегӣ муҳим арзёбӣ намуда, таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари буферӣ дар роҳи мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар нақши калидӣ дорад.

Ҷонибҳо вазъи назорати маводи нашъаоварро дар Тоҷикистон ва минтақа муҳокима намуда, аз афзоиши қочоқи маводи нашъаовари афғонӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои марбут ба он изҳори нигаронӣ намуданд.

Дар хотимаи чорабинӣ ҷонибҳо барои боз ҳам рушду тақвият додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти назорати маводи нашъаовар изҳори омодагӣ намуданд.