Ҳифзи Ватан ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб рафта, ҷавонписарон дар ин мактаби обутоби ҳаёт ё худ зимни адои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шахси комил мешаванд ва номи пурифтихори муҳофизи Ватанро мегиранд.
Ин аст, ки дар давоми як моҳи ҷараёни даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, аллакай комиссияҳои давлатии зиёда аз 20 шаҳру ноҳияҳои мамлакат оид ба анҷоми ин чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ё худ иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш доданд.
Тавре қаблан хабар дода будем, дар нахустин рӯзи даъват, шаҳру навоҳии ВМКБ, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Вахш ва Фархор аввалин шуда дар ҷумҳурӣ иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расониданд.
Бо ҳамин тартиб дар ду даҳрӯзаи аввал ва то охири моҳи октябри соли равон бошад, шаҳру ноҳияҳои Носир Хусрав, Норак, Левакант, Данғара Дӯстӣ, Роғун ва ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт низ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд.
Дар баробари дигар шаҳру навоҳии мамлакат, гусели сарбозони ояндаи Ватан дар шаҳри Душанбе низ муташаккилона ва дар сатҳи зарурӣ идома дошта, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар самти гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ натиҷаҳои дилхоҳро ба даст овардаанд ва дар як моҳи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ иҷрои нақшаро дар шаҳри Душанбе ба 72 фоиз баробар намудаанд.
Даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ муташаккилона ва дар сатҳи баланд идома дошта, масъулини вобастаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар давоми як моҳ ба муваффақиятҳои басо ҳам хубу назаррас ноил гардиданд. Ин аст, ки иҷрои нақшаи даъвату гусели муҳофизони Ватан ба сафи Артиши миллии мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, то охири моҳи октябри соли равон аллакай зиёда аз 80 фоизро ташкил медиҳад.
Дар вилояти Хатлон низ чорабиниҳои даъватии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хеле хуб ҷараён дорад. Новобаста аз он, ки шаҳрвандон нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ин вилоят бештар даъват карда мешаванд, масъулини вобаста тайи чанд соли охир аст, ки пеш аз мӯҳлат аз иҷрои пурраи нақша гузориш медиҳанд. Дар айни замон иҷрои талаботи ӯҳдадории масъулин дар самти даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ҳама минтақаҳои вилояти Хатлон ба 79 фоиз баробар мебошад.
Дар гарнизони ҳарбии Суғд низ чорабиниҳои даъвату гусели шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” муташаккилона ҷараён дошта, иҷрои нақша дар ин вилоят дар давоми як моҳ 65 фоизро ташкил медиҳад.
Агарчӣ чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ давоми моҳҳои октябр ва ноябр идома ёбад ҳам, лек боиси хушнудист, ки масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар ҷараёни як моҳи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, аллакай иҷрои нақшаро дар қаламрави ҷумҳурӣ ба 75 фоиз фоиз баробар намудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар он шаҳру ноҳияҳое, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, бо мардум ҳамкории зичро ташкилу ба роҳ мемонанд, дар чунин минтақаҳо дар самти чорабиниҳои даъватӣ ва гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ монеаву мушкилот кам ба назар мерасад.
Дар ҳоли ҳозир тибқи оморҳои мавҷуда даъвати тирамоҳии имсолаи шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ вобаста ба зиёд будани шумораи ҷавонписарони ихтиёрӣ хеле хуб арзёбӣ карда мешавад.
Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,
сардори Маркази матбуоти
Вазорати мудофиаи
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
полковник