Дар доираи бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2023/2024, дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо дастаи «Абдиш-Ата»-и Қирғизистон бо ҳам рақобат намуданд.
Бозии дастаҳо шоми 26-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардида, бо ҳисоби 0:1 бар суди меҳмонон хотима ёфт. Ягона голи вохӯриро легионери африқоии дастаи «Абдиш-Ата» – Эммануэл Яғр ба самар расонид.
Дар айни ҳол дар ҷадвали гурӯҳи «Е» дастаи «Абдиш-Ата» бо касби 7-имтиёз Дар садри ҷадвал, «Алтин Асир» бо касби 4-имтиёз дар ҷойи дуюм ва дастаҳои «Марв» бо «Равшан» бо ду имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои сеюму чорум ҷойгиранд.
Дар бозиҳои даври 4-уми мусобиқот дар гурӯҳи «Е» рӯзи 9-уми ноябр дастаҳои «Абдиш-Ата» бо «Равшан» ва «Алтин Асир» бо «Марв» рақобат мекунанд.
Сорбон Амонуллозода