Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин рӯйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ташдиди буҳрони Ғазза, қиматии гази моеъ дар кишвар ва дигар рӯйдодҳои дохил ва хориҷи кишвар матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 23 октябр натиҷаи сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлонро муфассал инъикос намуда, дар мавриди истифода қарор додани зеристгоҳҳои барқии Восеъ ва Рӯдакӣ, ифтитоҳи бинои Маркази ҷавонон, муассисаи томактабии «Офтобак», бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49 дар деҳаи Охҷар, ба истифода дода шудани роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт, деҳот кушода шудани Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Миралӣ Маҳмадалиев ва оғози фаъолияти Пойгоҳи обкашӣ дар деҳаи Тосқалъа хабару гузоришҳо пешниҳоди хонандагон шудаанд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” шумораи рӯзи 25 октябр мақолае бо номи “Тоҷикситон. Кишваре бо сарвари башардӯст” чоп карда, навишт, ки Тоҷикистон барои мардуми Афғонистон наздик ба 3 ҳазору 300 тонна кумаки башардӯстона фиристод ва ин боз як далели инсондӯстӣ ва сиёсати хайрхоҳона нисбат ба мардуми олам аст.
Ба таъкиди муаллиф, новобаста аз тағйири низому дигаргуниҳои сиёсӣ, иродаи Пешвои миллати тоҷикон дар муносибат ва дастгирии мардуми Афғонистон тағйирнопазир боқӣ мемонад, ки интиқоли ёриҳои башардӯстона дар ҳаҷми қобили мулоҳиза далели ин амр аст.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 26 октябр бо нашри матлабе масъалаи рақамикунонии иқтисодиёти кишварро баррасӣ кард. Дар ин матлаб зикр мешавад, ки рақамикунонӣ, раванди хеле пурпечутоб ва заҳматталаб буда, гузариш аз иқтисодиёти анъанавӣ ба иқтисодиёти муосир аст, ки кишвари мо низ онро бояд пушти сар созад.
Дар идома бо такя ба гузориши масъулин дар ин ҳамоиш гуфта мешавад, ки Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ҳашт самти асосии рушди иқтисоди рақамӣ барои давраи то соли 2025 муайян мекунад.
Тибқи ин барнома, барои рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ амалисозии 178 тадбири мушаххас дар 17 соҳаи иқтисоди миллӣ ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла то кунун дар доираи ин табдирҳо, дар соҳаи андоз 81 намуди хизматрасонии электронӣ ба роҳ монда шудааст, ки он барои сода ва шаффоф иҷро кардани уҳдадориҳои андозӣ мусоидат менамояд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 23 октябр хабар дод, ки дар ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун дар бораи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» ва Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи баргузории тамринҳои муштараки зиддитеррористӣ баррасӣ шуд.
Дар ҳамин ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон ҳамчунин масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи стандартонӣ» ва Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон» барои додани хулоса ба кумитаҳои палатаи поёнии парлумон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуданд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 25 октябр бо нашри матлабе масъалаи афзоиши қимати гази моеъ дар кишвар ва таъсири он ба нархи хадамоти мусофиркашониро баррасӣ кардааст.
Ба навиштаи муаллиф Дар натиҷаи болоравии нархи газу бензин, акнун дар Тоҷикистон камчинии сӯзишворӣ ба мушоҳида мерасад. Феълан, дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нархи гази моеъ ба 8 сомонӣ расида, дар нуқтаҳое, ки он арзон аст, лимит ҷорӣ шудааст.
Муаллиф дар идома меафзояд, илова бар ин, тайи чанд рӯзи охир сокинон аз он шиква мекунанд, ки таксиҳои “7-сомонӣ” арзиши хизматрасониашонро ба 10 сомонӣ боло бурдаанд. Ин таксиҳо, ки дар ҳудуди шаҳр мегарданд, бештар бидуни иҷозатнома кор мекунанд, вале сокинони пойтахт зиёдтар аз онҳо истифода мебаранд.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар ин шумораи худ инчунин мақолаи таҳлиле дар мавриди ташдиди буҳрони Ғазза ва омилу сабабҳои он нашр кардааст. Ба навиштаи муаллиф, аз се ду ҳиссаи минтақаи Ғазза арабҳое зиндагӣ мекунанд, ки аз заминҳои ғасбкардаи Изроил паноҳ бурдаанд. Имрӯз зулм нисбати ин мардум ба ҳадде расидааст, ки Бани Исроил мехоҳад ҳақи зистанро барои онҳо ҳатто дар ин минтақа масдуд кунад.
Дар идома муаллиф таъкид мекунад, ки бо далелҳо собит шудааст, ки ҷараёни Ваҳҳобия, Ал-Қоида, ДОИШ, Толибон ва мисли ин аз ҷониби кишварҳои ғарб созмон дода шудаанд ва ин созмонҳои террористӣ ҳамеша дар ҳоли зарурат мавриди истифода қарор мегиранд. Имрӯз расонаҳои ғарбӣ Эронро сарпарасти Ҳамос эълон мекунанд, вале ҳар нафари каме огоҳ аз сиёсат ба хубӣ дарк мекунад, ки аслан ин гурӯҳ ба хотири заиф кардани гурӯҳҳои фаластинии “Фатҳ” ва “Ҷиҳоди Исломӣ” таъсис ёфтааст.
Ба хулосаи муаллиф, паёмади ин моҷаро талафоти ҷонии мардуми бегуноҳи араб, масеҳӣ ва яҳудӣ хоҳад буд, то даме, ки СММ бозичаи дасти абарқудратон аст ва дар ҳалли ин қазия тасмими ҷиддӣ нагирад, то даме, ки кишварҳои ғарб аз стандартҳои дугона дар сиёсаташон даст намекашанд, то даме, ки кишварҳои араб бо созмону лигаҳояшон иззатро бар нафс тарҷеҳ намедиҳанд…
Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 26 октябр хабар медиҳад, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ фаъолияти 11753 андозсупоранда санҷида шуд, ки дар натиҷа аз ин шумора 19,6 дарсад шахсони воқеии бидуни бақайдгирӣ дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонуни машғулгардида ошкор шуд.
Инчунин ба гуфтаи Кумитаи андоз, дар рафти гузаронидани санҷиши фаъолияти андозсупорандагон дар 9 моҳи соли ҷорӣ 65,5 млн сомонӣ андозҳои иловагӣ ҳисоб карда шудааст, ки аз ин 54,5 млн сомониаш ба буҷет пардохт шуд. Ҳамзамон, нисбати 2979 андозсупоранда ба маблағи 13,4 млн сомонӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ин маблағ 11,2 млн сомонӣ ё худ 83,6 дарсади он ба буҷет ворид гардид.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”