Маҳз сиёсати дурусти аграрии ҳукумати кишвару заҳмату талошҳои шабонарўзии марди деҳқон аст, ки солҳои охир нархи маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба солҳои қаблӣ дар давраи тирамоҳу зимистон бамаротиб боло намеравад.
Ба назари коршиносони соҳа дар ин давра ду омили асосӣ дар танзими нархи анвои маҳсулот мусоидат кард. Омили якум ин истеҳсоли пайвастаи маҳсулот дар давраи зимистону тирамоҳ мебошад, ки тариқи гармхонаҳои доимоамалкунанда суръат гирифт ва сабаби муътадилии нархи анвои маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи зимистон гашт.
Фаррухиддин Набиев, сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегўяд, ки истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо тайи солҳои ахир бамаротиб чашмрас аст. «Танҳо майдони кишти сабзавот дар гармхонаҳо 79, 9 гектарро соли ҷорӣ ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019-ум наздики 2 гектар зиёд аст»-мегўяд ин ҳамсуҳбати мо.
Воқеан ҳам бунёди гармхонаҳо ба сокинони деҳот имконият медиҳад, ки онҳо бо ҷойи нави корӣ таъмин гарданд ва ҳамзамон истеҳсоли сабзавоти тару тоза дар фасли тирамоҳу зимистон дучанд шаванд.
Бино ба маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон то ба оғози моҳи августи соли ҷорӣ деҳқонон аз майдони гармхонаҳои доимоамалкунанда ба миқдори 1 ҳазору 995 тонна маҳсулоти сабзавотӣ истеҳсол намуданд, ки барои муътадил нигоҳ доштани нарх дар бозори истеъмолии кишвар мусоидат кард.
Омили дигари муътадил нигоҳдоштани нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар фасли сарморо коршиносони соҳа дар фаъолияти сардхонаву яхдон ва анборҳои махсус диданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо максади захира намудани махсулоти кишоварзӣ ва таъмини аҳолии кишвар дар мавсими тирамоҳу зимистон бо маҳсулоти тару тоза ҳанўз 1-уми декабри соли 2014-ум барномаи таш кил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои солҳои 2015-2019 қабул гардида буд, ки самараи онро мо имрўзҳо бараъло мушоҳида мекунем.
Фаррухиддин Набиев, сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегўяд, ки «амалигардии барномаи мазкур на танҳо барои ба танзим даровардани нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи тирамоҳу зими стон мусоидат мекунад, балки дар самти содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат низ нақши бориз мегузорад».
Воқеан зиёд гардидани теъдоди яхдону сардхона ва анборҳои махсус барои руди сартосарии соҳаи кишоварзӣ дар мамлакат мусоидат мекунад. Фаррухиддин Набиев, сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегўяд, ки «айни замон барои нигоҳдошти маҳсулоти кишоварзӣ беш аз 394 яхдону сардхона ва анбори махсус бунёд шудааст, ки дар як вақт имкон дорад, то 148 ҳазору 163 тонна маҳсулотро захира намояд»
Коршинос Лоиқшо Раҳимов аз Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такя ба мушоҳидаҳои солҳои қаблӣ мегўяд, ки «дар гузашта биноба сабаби кофӣ набудани сардхонаву яхдон ва анборҳои доимиамалкунанда деҳқон наметавонист, маҳсулоти худро беталаф нигоҳ бидорад, ки ин сабаби афзоиши нархи меваю сабзавот дар давраи тирамоху зимистон мегардид».
Ҳамсуҳбати дигари мо яке аз кишоварзони собиқадор, фарде, ки беш аз 60 сол дар соҳаи мазкур заҳмат кашидааст, бобои Гурез Нарзуллоев бунёди ин миқдор анбору сардхонаҳоро аз сиёсати дурусти аграрии мамлакат медонад. Ин ҳамсуҳбати мо мегўяд, ки замони шўравӣ аз кам будани яхдону сардхонаҳои махсус деҳқонон бо усулҳои гуногун маҳсулотро барои кишту истеъмол захира мекарданд.
Воқеан ҳам имрўз ҳама он чораҷўйии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мисоли қабули Барномаи ташкил ва баркарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигохдории махсулоти кишоварзӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон барои солхои 2015-2019 бо максади рушди минбаъдаи сохаи меваю сабзавотпарвари, таъмини ахолии чумхури дар давраи тирамоҳу зимистон бо маҳсулоти озукаворӣ аз яхдону сардхонаҳо ва ҳамзамон густариш додани масоҳати гармхонаҳои доимамалкунанда самараи хуб ба бор оварданд. Акнун фурсате фаро расидааст, ки аз ҳисоби содироти маҳсулоти гармхонаҳо нафъ ба даст орем, чуноне, ки кишоварзони кишвари Исроил танҳо аз ҳисоби содироти помидору бодиринги гармҳонаҳои зимистона ҳамасола бо ҳисоби миёна наздики ду миллиард доллар фоида ба даст меоранд.
Муродулло Раҳимов
радиои «Тоҷикистон»