«История России»: Нашри китоби нав Зафар Сайидзода дар Челябинск барои муҳоҷирон

Бино ба хабарномаи Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар яке аз чопхонаҳои  шаҳри Челябински Федератсияи Россия  китоби доктори илмҳои таърих, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода  таҳти унвони «История России» ба нашр расид. Ин китоби таълимӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҷиҳати мустакилона омӯхтани  фарҳанг ва  таърихи Россия  таҳия гардидааст.

Тавре зикр шуд, ҳадаф аз таҳияи китоби мазкур расонидани кумак ба муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад, ки онҳо ҳангоми гирифтани иҷозати кор дар Россия  барои доштани  маълумоти ибтидоӣ дар бораи таърих ва фарҳанги ин кишвар тариқи тест имтиҳон месупоранд. Муаллифи китоб бо истифода аз адабиёти зиёд кӯшиш ба харҷ додааст, ки  маълумоти асосиро дар бораи таърих ва фарҳанги Россия ба таври фишурда ва бо забони содаю оммафаҳм пешниҳоди хонандагон  гардонад. Муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд бо омӯзиши ин китоб ба таври мустақилона дар бораи фарҳанг ва таърихи Россия дониши ибтидоӣ пайдо намоянд.

Гуфта мешавад, онҳо метавонанд нусхаи электронии китобро аз сомонаи Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург  www.rtsu.tj/ru/ и www.kmt.tj. дастрас намуда, аз он истифода баранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *