Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ имсол дар майдони 5874 гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 200 гектар зиёд мебошад. Деҳқонони ноҳия суръати ғунучини пахтаро рӯз то рӯз тезонда, ҳар рӯз ба хирмани ноҳия 215-220 тонна «тиллои сафед» месупоранд.
Сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Маҳдӣ Орифзода иброз дошт, ки риояи дурусти талаботи агротехникӣ, истифодаи тухмии хушсифат ва серҳосил, коркарди байни қаторҳо, анҷоми саривақтии дигар корҳои агротехникӣ барои нашъунамои хуби пунбадона ва фаровонии ҳосил таъмин намуд.
Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз ноҳияҳои аграрии вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, соҳаи кишоварзӣ асоси пешбурди иқтисодиёти он маҳсуб мешавад. Соҳаи кишоварзӣ аҳамияти на танҳо иқтисодӣ, балки иҷтимоӣ низ дорад, зеро бештари аҳолии қобили меҳнат ба он машғул мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2019 дар ноҳия кишти зироати асосӣ- пахта дар майдони 5606 гектар гузаронида шуда, истеҳсоли он ба 12 806 тонна расонида шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 3450 тонна ё 36,9 фоиз зиёд буд.