Тибқи пажуҳиши нави олимон яхҳои Антарктида новобаста аз он ки инсоният партовҳои гази карбонатро ба атмосфера коҳиш диҳад ҳам, об гардида истодааст.
Иқлимшиносон моделсозии компютериро барои ҳисоб кардани дараҷаи обшавии рафҳои муҳофизатии ях дар тӯли 100 соли оянда истифода бурда, ба хулосае омадаанд, ки кӯшишҳои давлатҳо дар оянда барои боздоштани обшавии пиряхҳо ҳанӯз кофӣ нахоҳад буд.
Тибқи пешгӯии Пажӯҳишгоҳи Антарктикии Британия обшавии пиряхҳо дар Антарктидаи Ғарбӣ дар даҳсолаҳои наздик ба таври қобили мулоҳиза суръат хоҳад гирифт. Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки нопадид шудани рафҳои ях ба болоравии сатҳи баҳр дар ҷаҳон оварда мерасонад.