Нокомии Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода дар рӯзи дуюми ABU DHABI GRAND SLAM-2023

Имрӯз дар доираи рақобатҳои рӯзи дуюми ABU DHABI GRAND SLAM-2023 нерӯсанҷиҳо дар вазнҳои -73кг ва 81кг миёни мардон ва зери вазнҳои 63кг, 70кг миёни бонувон сурат гирифт.

Тоҷикистонро дар ин рӯзи мусобиқа Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -73кг ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81кг намояндагӣ карданд. Беҳрӯз дар даври дуюм ва Сомон дар даври сеюм мувоҷеҳи шикаст гардида, аз идомаи сабқатҳо бенасиб монданд.

Пагоҳ, дар рӯзи охири мусобиқа Тоҷикистонро Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -90кг ва Эмомризо Анварзода дар вазни -100кг муаррифӣ мекунанд. Ҷаҳонгир дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Вугар Толибов аз Озарбойҷон сабқат мекунад. Эмомризо Анварзода низ дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Аарон Фара аз Австрия нерӯсанҷӣ мекунад.

Сорбон Амонуллозода