Санаи 23 октябри соли равон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвияти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” баргузор гардидааст.
Тавре Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ хабар додааст, дар мулоқот муовини вазири кишоварзӣ Зеваршои Зеваршо, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Сураҷ Чоршанбезода ва муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Умед Раҳимзода иштирок намуданд.
Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Сураҷ Чоршанбезода зимни баромади хеш оид ба дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавонон ҳарф зад. Инчунин оид ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, татбиқи самтҳои афзалиятноки “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030” ва “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” андешаҳои худро иброз намуд.
Дар охир ба як гуруҳ ҷавонони фаъоли Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шудааст.