Кумитаи меъморӣ ва сохтмон барои қабул ба кор озмун эълон намуд

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабул ба мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд.

1. Сардори раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 3143 сомонӣ.
2. Муовини сардори раёсати шаҳрсозӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ 2585с
3. Сардори шуъбаи ҳуқуқ-1 ҷой, маоши мансаби 2115 сомонӣ
4. Сармутахассиси раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ-
2 ҷой, маоши мансабӣ 1577 сомонӣ
5. Сармутахассиси раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон-1 ҷой, маоши мансабӣ 1577 сомонӣ
6. Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ- 1 ҷой, маоши мансабӣ 1577 сомонӣ
7. Мутахассиси пешбари раёсати корҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1286с
8 Мутахассиси пешбари раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон 1 ҷой, маоши мансабӣ 1286 сомонӣ.
9 Мутахассиси раёсати шаҳрсозӣ 2 ҷой, маоши мансабӣ 1062 сомонӣ
10. Мутахассиси шуъбаи ҳуқуқ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1062 сомонӣ
11. Мутахассиси раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1062 сомонӣ
12. Мутахассиси раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ-
1 ҷой, маоши мансабӣ 1062 сомонӣ

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сардори раёсат

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Барои ишғоли мансаби сардори шуъба

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Барои ишғоли мансаби сармутахассис

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

Барои ишғоли мансаби мутахассис

-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳои (бо 2 дона акси андозаи 4×6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
– маълумотномаи доғи судӣ
-маълумотнома (объективка)

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Душанбе, хиёбони Ҳусейнзода – 36
Телефон барои тамос: 221-98-59
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.