Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Селбури ноҳияи Восеъ бинои сардхона ва ду коргоҳи истеҳсолиро мавриди истифода қарор доданд

20 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Селбури деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев бинои сардхона ва ду коргоҳи истеҳсолиро ба истифода доданд.

Коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, нонӣ, мевахушккунӣ, бандубаст ва анбор барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ аз тарафи сокини ватанпарвари ноҳияи Восеъ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мир Осор» Нуриддин Қаҳҳоров дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони нав сохта шудаанд.

Дар коргоҳҳои истеҳсолӣ ва сардхона 35 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Дар корхона дар як баст 10 намуд маҳсулоти қаннодӣ дар ҳаҷми 2 тонна истеҳсол мешавад. Дар коргоҳи дигар дар як баст 5 тонна мева ва сабзавот хушконида шуда, ҷавобгӯ ба талаботи бозор ва рақобатпазир бастабандӣ мешавад.

Дастгоҳу таҷҳизоти коргоҳҳо аз давлатҳои тараққикардаи олам, аз ҷумла Туркия харидорӣ ва насб шудаанд.

Дар бинои нави сардхона имкон аст то 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷойгир шавад. Ҳоло коргарони ҷамъият ҳосили заминҳои кишти худ, аз қабили сабзавоту меваҷотро барои талаф наёфтан ва ҷиҳати тамоми сол пурра таъмин намудани сокинон бо маҳсулоти тару тоза захира намудаанд.

Ин иншоот баҳри амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегии мамлакат, ҷиҳати рушди саноатикунонии босуръат ва таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содирот ва рақобатнокии он бунёд шудааст.

Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дорои сифати баланд ва рақобатпазир буда, дар бозори дохилӣ  талабот ба он зиёд аст.

Бояд гуфт, ки дар 9 моҳи соли 2023 дар ҷумҳурӣ 23 корхона барои истеҳсоли меваи хушк ва 107 корхона барои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ сабт шудааст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҳаҷми 4,5 ҳазор тонна меваи хушк ё 90,7 фоиз ва 18,4 тонна маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол намудаанд. Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2023 аз қаламрави ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 358,4 тонна маҳсулоти қаннодӣ ва 54 138 тонна меваи хуш содирот гардидааст.

Дар ҳамин мавзеъ аз тарафи роҳбарияти Хоҷагии деҳқонии «Ҳусайн»-и Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мир Осор» дар масоҳати 3,3 гектар боғ бунёд гардидааст. Барои истифодаи самараноки замин дар байни қатори дарахтон сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ кишт шудааст.

Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳусайн» 10 нафар ба таври доимӣ ва 40 нафар ба таври мавсимӣ ба кор ҷалб мегарданд. Дар ҳудуди заминҳои хоҷагӣ барои боло бурдани иқтидори истеҳсолӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла лимӯ дар масоҳати 0, 6 гектар гармхона бунёд намудаанд.

Дар саҳни бинои коргоҳҳои нави Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мир Осор» дарахтони сояафкан ва ороишӣ шинонида шуда, бо гулҳои зебои мавсимӣ оро ёфтааст.

Роҳравҳои иншоот  пурра сафолакпӯш гардида, атрофи муассиса чароғон гардидааст.

Баъди шиносоӣ бо шароиту имконоти коргоҳҳо ва сардхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти хоҷагии бисёрсоҳаи «Мир Осор» барои обод намудани як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои корӣ ва истеҳсоли молу маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ изҳори сипос намуданд.