Имрӯз дар Маҷмааи «Кохи Борбад» Намоишгоҳи мошинҳои махсусгардонидаи Русия ва Тоҷикистон бо номи «Мошинҳои махсус-Тоҷикистон-2023» оғоз гардид.
Намоишгоҳро Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия ташкил намудаад.
Намоишгоҳ бо мақсади нишон додани тавонмандиҳои тавлидкунандагони таҷҳизоти кишоварзӣ, роҳсозӣ ва саноати ғизоии Русия доир шуда, танзимгари намоиш Ҷамъияти саҳомии «Экспоцентр» мебошад.
Дар намоишгоҳи «Мошинҳои махсус-Тоҷикистон-2023» беш аз 9 корхонаи истеҳсолии Русия иштирок доранд.