17 октябри соли 2023 бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кормандони соҳаи фарҳанг баргузор шуд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Семинар-машваратро сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг Орифӣ Озар Баҳромзода ифтитоҳ намуда, вобаста ба мавзуъҳои семинар ибрози назар кард.
Ҳамзамон, сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус Мирзоҳомидзода Ҳусноро ва сардори шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста Акмал Олимшоев баромад намуда, вобаста ба самтҳои фаъолият ибрози андеша карданд.
Ҳамоиши омӯзишӣ бо мақсади рушди фаъолияти муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, мусоидат дар ҳуҷҷатнигорию коргузории раёсат, шуъба, бахшҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, мукаммал намудани маълумоти омории муассисаҳо, тартиби пешбурди санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, ба низом даровардани ҳуҷҷатҳои зерқонунии сохторҳои фарҳанг дар маҳал, тартиби баргузории чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва дигар тадбирҳо ба роҳ монда шуд.
Дар ҷараёни семинар-машварат масъулини самти ҳуҷҷатгузории раёсатҳои фарҳанги шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва шуъбаю бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуда, ба саволҳои сершумори хеш посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар охир, барои иштироки фаъолона ба ҳамаи иштирокдорон “Гувоҳнома” супорида шуд.