ПИРУЗИИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР “ҶОМИ МЕРДЕКА-2023”

Дар даври ниҳоии мусобиқаи 42-юми байналмилалии «Ҷоми Мердека-2023» тимҳои миллии Тоҷикистон ва Малайзия бо ҳам рақобат намуданд. Бозии дастаҳо дар майдони “Букит Ҷалили”-и шаҳри Куала-Лумпур баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт.

Дар дақиқаи 44-уми бозӣ Рустам Соиров дарвозаи ҳарифро рахна карда, ҳисоби бозиро кушод. Дар дақиқаҳои охири бозӣ аниқтараш дар дақиқаи 88-ум Шаҳром Самиев тавонист, ки голи дувумро вориди дарвозаи мизбон кунад. Ҳамин тавр, бозии дастаҳо бо натиҷи 0:2 ба фоидаи Тоҷикистон хотима ёфт.

Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ мизбонон маҳорати хуб нишон дода, чандин маротиба ҳамлаҳои хатарнок низ карданд, аммо задани гол ба онҳо муясар нагардид. Зеро футболбозони тоҷик хати дифоъро устуворона ҳимоя карданд.

Қабл аз ин, тимҳои миллии Малайзия ва Тоҷикистон се маротиба бо ҳам рақобат намуда буданд, ки Тоҷикистон дар ду бозӣ пирӯз шуда, дар як рақобати дигар мунтахаби Малайзия ғалаба карда буд.