СММ: БАРОИ РАФЪИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР АФҒОНИСТОН 94 МЛН ДОЛЛАР ЛОЗИМ АСТ

Дар давоми ду ҳафта дар Афғонистон тақрибан 43 ҳазор нафар аз заминларза зарар диданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии Тулунюс хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, беш аз 3 ҳазор хона пурра хароб шудааст. Тибқи ҳисоботи СММ дар умум, барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ тақрибан 94 миллион доллари ИМА лозим аст. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ аз ҳама бештар минтақаи Инҷил хисорот дидааст, ки дар ин минтақа 23 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.