Имрӯз дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба таҷлили ҷашни Рўзи соҳибкорон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур беш аз 100 нафар, аз ҷумла роҳбарону масъулони вазорату идораҳо, соҳибкорон, намояндагони асотсиатсияҳои соҳибкорӣ аз шаҳру ноҳияҳои ҷумхурӣ иштирок доштанд.
Ҳамоишро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Кодирзода бо сухани ифтитоҳӣ оѓоз карда, таъкид дошт, ки сол ба сол дастгирии давлатии соҳибкорӣ бештар мешавад. Махсусан дар самти содагардонии иҷозат ва иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ қадамҳои устуворе гузошта шудааст. Соҳибкор ин худ сармоягузор маҳсуб меёбад, – таъкид дошт Саъдӣ Кодирзода ва хушбахтона тибқи Қонун «Дар бораи сармоягузорӣ» сармоягузори дохилӣ ва ҳам хориҷӣ ҳуқуқҳои якхела доранд, ин барои ҷалби сармоя ба иктисоди миллӣ кўмак мекунад.
Дар чорабинӣ ҳамчунин раиси Палатаи савдову саноат Ҷамшед Ҷумъахонзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Абудраҳмон Абдураҳмонзода, муовини раиси Бонки Милии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ суханронӣ намуда, аз дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати мамлакат оид ба рушди соҳибкорӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок, бештар шудани номугуи маҳсулоти истеҳсолшаванда дар кишвар, ки ба 450 намуд расидааст, оид ба нақши намоишгоҳҳои дохиливу байналмиллалӣ дар муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ гуфтанд.
Дар ҳамоиши тантанавӣ қайд карда шуда, ки дастгирии давлатии соҳибкорӣ ба бештар шудани ҷойҳои нави корӣ, ѓанигардонии буҷаи давлатӣ, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва боз ҳам зебову обод шудани кишвари азизамон мегардад.
Дар фарҷоми ҳаомиш як катор соҳибкорон аз минтақахои гуногуни ҷумҳурӣ барои саҳмгузорӣ дар рушди иктисоди миллӣ бо Ифтихорномаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Палатаи савдову саноат қадрдонӣ карда шуданд.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”