ЭҲТИМОЛ АСТ, КИ 50%-И НАБОТОТ ДАР РӮИ ЗАМИН НОБУД ШАВАД

Бар асоси пажуҳиши олимони бритониёӣ дар солҳои оянда эҳтимол аст,  50% – и наботот дар рӯи замин нобуд шавад. Тавре агентии иттилоотии “Синхуа” хабар медиҳад, беш аз 200 олим аз 42 кишвари ҷаҳон олами набототро мавриди таҳлил қарор дода, ба хулосае расиданд, ки дар ояндаи наздик қариб нисфи тамоми навъҳои растаниҳоро хатари нобудшавӣ таҳдид мекунад.

Таҳдиди асосӣ аз даст додани муҳити зист ва истифодаи ғайри мақсадноки замин мебошад. Гуфта мешавад, ки 723 навъи гиёҳ ва гулҳо, ки ҷузъи доруҳо ҳаст, метавонанд комилан аз байн раванд. Коршиносони СММ инчунин ҳушдор медиҳанд, ки тақрибан як миллион намуди наботот ва ҳайвонот дар даҳсолаи оянда комилан аз байн хоҳанд рафт.

Олимон қайд карданд, ки ба коҳиши гуногунии биологӣ кишоварзии ноустувор, моҳидорӣ, истихроҷи маъдан, гармшавии глобалӣ ва ҷангалҳои саноатӣ таъсир мерасонад.