Вазорати мудофиа натиҷаҳои даҳрӯзаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакатро нашр кардааст.
Ба иттилои ин Вазорат дар даҳрӯзаи аввали моҳи октябри соли равон мақомоти вобастаи даъват дар шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои ҷумҳурӣ натиҷаҳои дилхоҳу назаррасро ба даст овардаанд. Аз ҷумла, дар ВМКБ чун даъватҳои пешин ин навбат низ масъулин аввалиншуда дар сатҳи ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи ба худ пешбинишуда гузориш дода, ин чорабинии муҳими сиёсӣ-ҷамъиятиро бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва бо сатҳу сифати баланд дар нахустрӯзи даъват ба анҷом расониданд.
Бо гусел намудани гурӯҳи аввалини ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва сипарӣ гардидани 10 рӯз аз ин чорабинии муҳими давлатӣ нақшаи даъват дар вилояти Хатлон беш аз 60 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондод басо ҳам хубу назаррас мебошад. Зеро, дар ҳамин шабу рӯзи даъвати тирамоҳии соли 2022 натиҷаи он дар ҳудуди ин вилоят 54 фоизро ташкил медод.
Дар даҳрӯзаи аввал нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар вилояти Суғд 43 фоизро ташкил медиҳад, ки иҷроиши нақша дар даъвати навбатӣ нисбат ба ҳамин давраи даъвати тирамоҳии соли 2022 зиёдтар мебошад.
Ҳамин тавр, дар муддати 10 рӯзи даъвати тирамоҳии соли 2023 нақшаи пешбинигардида дар шаҳри Душанбе 45 фоиз иҷро гардид. Вобаста ба натиҷаҳои то имрӯз ба даст омадаи соҳаи даъват дар пойтахт қайд кардан зарур аст, ки масъулин ҳамасола ва дар ҳар як мавсими даъват ба дастовардҳои назарраси даъватӣ ноил гардида, онро пеш аз мӯҳлат иҷро менамоянд.
Аз маҷмӯи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар нахустин рӯзи даъват ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод аввалин шуда нақшаро ба пуррагӣ иҷро намудаанд. Ноҳияҳои зикргардида давоми чандин соли охир аст, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ, дар баробари ВМКБ аз аввалин иҷрокунандагони нақшаи даъват мебошанд. Ҳамин тавр, иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии соли равон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар давоми даҳ рӯз 65 фоизро ташкил медиҳад.
Умуман, дар давоми 10 рӯзи ташкилу баргузории чорабиниҳои даъватӣ ва гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ нақшаи пешбинигардида дар даъвати тирамоҳӣ 55,4 фоиз иҷро гардида, дар маҷмӯъ 15 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд.