Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар муҳокимаҳои умумии Рӯзномаи Кумитаи дуюми Иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии СММ оид ба рушди устувор

10 октябри соли 2023 корманди Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Таҳмина Ҳасанова дар муҳокимаҳои умумии Рӯзномаи Кумитаи дуввуми Иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии СММ оид ба рушди устувор иштирок ва суханронӣ намудааст.

Дар ин бора Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар дода, афзудааст, ки зимни баромад, Таҳмина Ҳасанова дар бораи иқдомҳои Тоҷикистон дар раванди амалисозии Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор тазаккур дода, аз авлавиатҳои Тоҷикистонро дар кори Кумитаи ёдовар шудааст.

Коршиноси Намояндагӣ инчунин оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмондар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва эълон гардидани 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор таъкид кард.