Дирӯз дар шаҳри Боку дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи 27-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷейҳун Байрамов баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷӣ ҳавасмандии ҷонибҳоро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Озарбойҷон иброз доштанд. Дар ин замина зарурати истифодаи имкониятҳои фаррох дар самти тавсеаи равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар, алалхусус дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, коммуникатсия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, таъкид карда шуд. Ҳамзамон, атрофи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт.
Маликов М.