2 октябр дар Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид. Дар ин хусус Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Машваратҳо таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим ва муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдулкарим Ал-Херейҷӣ доир шуданд.
Зимни машваратҳо тарафҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, ҳуқуқӣ, фарҳанг, илму маориф ва тандурустӣ табодули афкор намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкории ду давлатро дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар доираи машваратҳо 2 октябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдулкарим Ал-Херейҷӣ мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ намуданд.
Ҳамсуҳбатон доир ба истифодаи имконияти васеъ барои рушди ҳамкории мутақобилан судманд низ табодули афкор анҷом доданд.