Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ мизи мудаввар оид ба баррасии лоиҳаи Нақшаи амали “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” (марҳилаи якум: солҳои 2024-2026) доир гардид. Дар он намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ширкат доштанд.
Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мавриди ҳадафҳои қабули Стратегияи мазкур баромад карда, зикр намуд, ки татбиқи он имкон медиҳад, то вазъи иҷтимоии аҳолии осебпазир беҳтар карда шавад.
Дар мизи мудаввар муовинони вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, муовини вазири маориф ва илми кишвар ва дигар вазорату идораҳо фикур андешаҳои худро дар мавриди ҳиссагузорӣ ба татбиқи Стратегия иброз медоранд.