Рӯзи 24-уми сентябр дар доираи бозии даври 12-уми Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал дастаҳои «Истиқлол» ва «Соро компания бо ҳам рақобат намуданд.
Рақобати дастаҳо дар маҷмааи Кумитаи андоз баргузор гардида, бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи футзалбозони «Истиқлол» ба анҷом расид.
Тақдири бозӣ дар дақиқаи охири рақобат ҳал шуд. Футзалбозони «Истиқлол» камбэк нишон дода, дар сонияҳои охири рақобат ду туб вориди дарвозаи рақиб намудаанд. Ҳамин тавр дастаи футзали «Истиқлол» аввалин пирӯзии худро бар тими «Соро компания» ба даст овард.
Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал
Даври 12-ум
«Соро компания» – «Истиқлол» – 2:3
Голҳо: Файзали Сардоров, 9 (1:0). Абдукаюм Умаров, 12 (1:1). Дилшод Саломов, 20 (2:1). Комрон Алиев, 40 (2:2). Рустам Ҳамидов, 40 (2:3).