Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи ҳабдаҳуми Шурои вазирони адлияи мамлакатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид.
Тавре хабарнигорамон Парвина Самандарзода иттилоъ медиҳад, Ҷаласаи ҳабдаҳуми Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати раиси Шӯрои вазирони мамлакатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он роҳбарони мақомоти адлияи Беларус, Қирғизистон, Русия ва Узбекистон иштирок доранд.
Дар рафти ҷаласа аъзои Шӯро нақши вазоратҳои адлия дар гузаронидани сиёсати ҳуқуқӣ ва ислоҳоти ҳуқуқӣ, масъалаҳои мубрами соҳаи адвокатура ва баланд бардоштани сифати истеҳсолоти экспертизаи судӣ дар муассисаҳои экспертизаи судиро баррасӣ хоҳанд кард.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”