20 сентябри соли 2023 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо ҳайати Ҷамъияти саҳомии “Бонк Фридом Финанс Қазоқистон”-и Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти сарварии роҳбари Ҷамъияти саҳомии бонки мазкур Айдос Жумагулов, ки бо сафари корӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот намудааст.
Тавре Шуъбаи матбуоти БМТ хабар медиҳад, Ҳоким Холиқзода таъкид доштааси, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва манфиатҳои тарафайн инкишоф ёфта, мулоқоти пайвастаи роҳбарони Тоҷикистону Қазоқистон барои тавсеаи минбаъдаи он заминаи мусоид гузошт.
Қайд карда шудааст, ки Гурӯҳи Фридом Финанс аз ташкилотҳои молиявӣ, брокерӣ, суғуртавӣ, пардохтӣ, мобилӣ ва нақлиётӣ иборат буда, доираи васеи маҳсулоти рақамии бонкӣ – ипотекаи рақамӣ, қарзи рақамӣ барои харидории воситаҳои нақлиёт, лоиҳаи музди меҳнат, қарзи тиҷоратӣ, пасандоз, интернет-банкинг ва ғайраҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар давлатҳои хориҷӣ пешниҳод менамояд.
Айдос Жумагулов қайд кардааст, ки Ҷамъияти саҳомии “Бонк Фридом Финанс Қазоқистон” нақша дорад, ки доираи фаъолияти худро дар самти пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ-рақамӣ боз ҳам васеъ намояд, инчунин номбурда ҷиҳати кушодани бонки фаръӣ ё филиал дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар навбати худ қайд кард, ки қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъсиси бонкҳои хориҷӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои онҳо шароити мусоид фароҳам овардааст.
“Бонки миллии Тоҷикистон иқдоми Ҷамъияти саҳомии “Бонк Фридом Финанс Қазоқистон”-ро барои кушодани бонки фаръӣ ё филиал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиҳати ҷалби сармояи Қазоқистон ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд, хуш истиқбол намуда, онро дар доираи қонунгузории ҷорӣ баррасӣ менамояд”, – гуфтааст Ҳ.Холиқзода.