Тоҷикистон дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид, ки дар шаҳри Ашқобод баргузор гардид, таъриху фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва имкониятҳои сайёҳии худро муаррифӣ намуд.
Чорабинӣ бо ташаббуси Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Туркманистон доир гардида, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар дар он иштирок кард.
Дар доираи чорабинӣ гӯшаи махсуси Тоҷикистон ташкил шуд, ки иштирокчиён имкон пайдо карданд бо мероси ғании таърихию фарҳангӣ, урфу одатҳои миллӣ ва мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии кишвар шинос шаванд.
Ҳамзамон, дар ин гӯша намунаҳои таомҳои миллии тоҷикӣ пешниҳод гардида, таваҷҷуҳи меҳмонон ба фарҳанги меҳмондорӣ ва анъанаҳои ошпазии мардуми тоҷик ҷалб карда шуд.
Иштироки Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳо барои муаррифии шоистаи фарҳангу тамаддуни миллӣ, таҳкими робитаҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ бо кишварҳои ҷаҳон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ин чорабинӣ ҳамчунин имконияти дигаре барои муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва имкониятҳои васеи сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ гардид.
