Рақиби дуюми Нурулло Алиев дар UFC маълум гардид

Размикори шинохтаи тоҷик Нурулло Алиев дар UFC-295 бо намояндаи Полша – Матеуш Ребетски рақобат мекунад.

Ин набарди дуюми Нурулло Алиев дар ташкилоти бонуфузи UFC ба ҳисоб меравад. Ёдовар мешавем, ки размикори тоҷик дар рақобати аввалинаш дар ин ин ташкилот Рафаэл Алвесро аз Бразилия шикаст дода буд.

Қаблан, Ребетски бо размикори дигари тоҷик Лоиқ Раҷабов рақобат намуда, ғолиб омада буд.

Рақобати Нурулло Алиев бо Матеуш Ребетски рӯзи 11-уми ноябр дар ИМА доир мегардад.