Имрӯз дар Душанбе пас аз анҷоми Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал брифинг оид ба натиҷаи кори ин ҷаласа бо иштироки намояндагони идораҳои дахлдор ва ВАО – и дохиливу хориҷӣ доир гардид.
Дар брифинг Султон Раҳимзода— раиси Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал гуфт, ки дар поёни нишасти сарони кишварҳои муассиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал дар Душанбе дар маҷмӯъ 4 санад ба имзо расиданд, ки инҳо мебошанд: Изҳороти душанбеии сарони кишварҳои муассиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал; Қарори сарони кишварҳои муассиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал дар бораи “Натиҷаҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бунёди байналмилалии наҷоти Арал”; Қарори сарони кишварҳои муассиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал дар бораи “Фаъолияти такмили сохтори ташкилӣ ва заминаи ҳуқуқии Бунёди байналмилалии наҷоти Арал”; ва Қарори сарони кишварҳои муассиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал дар бораи “Интихоби раиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал”. Гуфта шуд, ки сарони давлатҳо дар суханронии худ ба масъалаи калидӣ будани аҳамияти об дар минтақа, захираҳои обӣ ва рушди устувори Осиёи Марказӣ ишора намуданд ва таъкид гардид, ки минбаъд низ давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориҳоро дар соҳаи об тақвият хоҳанд дод.
Ба таъкиди Султон Раҳимзода раиси Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал дар ҷаласа гуфта шуд, ки камобӣ, хушксолӣ, селу ярч, ки мо чанд сол боз пай дар пай мушоҳида менамоем, на танҳо ба хоҷагии қишлоқ, балки дар умум ба вазъияти иҷтимоӣ ҳам таъсири манфӣ мерасонанд. Мушаххас аст, ки мо бояд ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии худро дар муқобила бо ин вазъ, пеш аз ҳама, дар бахши обу энергетика тақвият диҳем.
Шурӯъ аз соли 2024 то соли 2027 роҳбарии Хазинаи байналмилалии наҷоти Аралро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев ба уҳда мегирад. – афзуд Султон Раҳимзода раиси Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал дар брифинг. Ба иттилои номбурда ин қарор дар фарҷоми Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал қабул гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки аз рӯи натиҷаи ҷаласа қарорҳои Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ҳамчунин Эъломияи Душанбе ба имзо расиданд. Маврид ба тазаккур аст, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамёрии давлатҳои минтақа дар ҳалли масъалаҳои печидаи обу экология нақши муҳим дорад. Дар чаҳорчӯби ин ниҳод натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоии Осиёи Марказӣ, таҳкими ҳамкории минтақавӣ, ҳамчунин ҷиҳати ба роҳ мондан ва густариш додани муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ин самт мусоидат намудаанд.
Парвина Самандарзода,
радиои “Тоҷикистон”