Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Қасри миллат зимни баргузории Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал иброз намуданд.
Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони раёсати Тоҷикистон дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал 4 нишасти раёсати Фонди мазкур баргузор шуда, дар натиҷа 29 қарори муҳим барои фаъолияти минбаъдаи ин Фонд қабул карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханронии худ таъкид намуданд, ки дар баробари корҳои анҷомдодашуда, боз корҳои зиёдеро амалӣ карданд зарур аст ва ин бо назардошти афзоиши босуръати аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле муҳим мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охири суханронии худ ҳамчунин ёдовар шуданд, ки соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҳамоиши байналмилалӣ оид ба масоили ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал чанде пеш дар Қасри миллат ба поён расид. Дар Ҷаласаи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, иштирок намуданд.
Нуралӣ Давлат
радиои “Тоҷикистон”