Дар ибтидои асри XXI Осиёи Марказӣ яке аз муҳимтарин марказҳои геополитикии ҷаҳони муосир гардид. Нақши геополитикии минтақа бо аҳамияти байниқитъавии он барои алоқаҳои тиҷоратӣ байни кишварҳои Аврупо, Шарқи Наздик ва Осиё алоқаманд мебошад. Дар шароити муосир минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи зиёди қудратҳои бузургро бинобар маҷвудияти захираҳои бузурги маводи сӯхт, тилло, мис, уран, иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ, инчунин ҷойгир будани роҳҳои транзитӣ, аҳамияти геоиқтисодии баҳри Хазар ба худ ҷалб мекунад.
Осиёи Марказӣ, ҳамеша нуқтаи таваҷҷуҳи афзояндаи қудратҳои ҷаҳонӣ– Россия, Хитой, ИМА ба шумор мерафт. Манфиати зиёд ба ин қисмати ҷаҳонро бозингарони бузурги минтақавӣ– Туркия, Ҳиндустон, кишварҳои Шарқи Наздик ва Иттиҳоди Аврупо изҳор менамоянд.
Умуман, дар минтақа “Бозии нави бузург” ҷараён гирифта, вазъи геополитикӣ бинобар амалҳои террористӣ дар ИМА, оғози амалиёти зиддитеррористии байналхалқӣ дар Афғонистон мураккаб мебошад. Вале дар солҳои 2011-2014 ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ бо мушкилоти наве, аз қабили “Баҳори араб”, мавҷи тазоҳуроти оммавӣ ба муқобили ҳукумати кишварҳои шимоли Африқо ва Шарқи Наздик, ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия, вазъи Ироқ, зуҳури неруҳои неофашистӣ дар Украина ва буҳрони он, зуҳур ва ташаккули Давлати исломии Ироқ ва Шом рӯбарӯ гардид, ки дар маҷмӯъ ба тавозуни геополитикии мавҷуда дар ҷаҳон, ба хусус ба минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири ҷиддӣ намуд. Вусъати кӯшишу талошҳои бозингарони абарқудрат баъди ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон ва буҳрони Украина (солҳои 2021-2022) шидддат гирифтааст, ки бештар дар сиёсати Россия ва ИМА ба назар мерасанд. Чин бошад, бо тавсеи лоиҳаҳои иқтисодӣ ва сармоягузориҳо гӯё аз дахолати фаъол ба ин равандҳо дар канор мондааст.
Шиддати рақобати қудратҳои ҷаҳонӣ, ки бо буҳронҳои иқтисодӣ ва эпидемиологӣ ҳамқадам аст, мебояд омили ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа гардад. Талошҳои муштарак ва ҳамоҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ беҳтарин ҷавоб ба ин таҳдидҳо мебошад.
Ҳамоҳангии мавқеъ ва амалҳои сарварони кишварҳои минтақа заминаи оғози марҳилаи навро фароҳам оварданд, ки ба умқи ҳамкорӣ ва ҳалли дастаҷамъонаи мушкилоти мавҷуда ва таъмини амният равона гашта буд.
Тавре маълум, 18 марти соли 2018 дар шаҳри Остона мулоқоти аввалини машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардида, механизми муассири ҳамоҳанг ва умқи ҳамориҳои мутақобила дар минтақа ташаккул ёфт.
То оғози раванди Вохӯрии машваратӣ кишварҳои минтақаро асосан бозингарони ҷаҳонӣ ва минтақавӣ бо назардошти манфиатҳо худ ва ташаббусҳои алоҳида ҷамъ меоварданд. Акнун кишварҳои минтақа бошуурона ва мақсаднок мехоҳанд нақши худро аз объекти муносибатҳои байналхалқӣ ба самти иштирокчии муҳимми он тақвият бахшанд. Муҳимтар аз ҳама кшварҳои Осиёи Марказӣ масъулияти ташаккули сохторҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаро ба зиммаи худ мегиранд.
Ба шарофати кӯшишҳои муштарак Осиёи Марказӣ пайваста ва босубот ба минтақаи ҳамкории мутақобилан судманд табдил меёбад. Ва аз ҳама муҳим он аст, ки халқҳои мо аз самараи ин кӯшишҳо баҳравар мегарданд.
Вохурии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба муколамаи боварибахш, ошкоро, созанда, инчунин ҳалли мувофиқашудаи мушкилоти умумии минтақа равона шуда, ба механизми мукамали ҳамоҳангии амал ва ғояҳои ҳамгироӣ дар минтақа табдил ёфтанд.
Вохурии панҷуми машваратии сарони кишвраҳои Осиёи Марказӣ, ки дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, баргузор гардид боз як такони ҷиддӣ дар рушди ҳамкориҳои мутақобила ва умқи равандҳои ҳамгироӣ дар минтақа ба шумор меравад.
Дар рафти мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки давоми панҷ соли сипаришуда давлатҳои минтақа ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо ташаббус пешниҳод намуданд, ки ба таҳкими сулҳ ва таъмини рушди устувор нигаронида шудаанд. Ҳамаи ин аз бебозгаштии раванди табдил ёфтани Осиёи Марказӣ ба минтақаи устувор, аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикарда ва дар ояндаи наздик хеле шукуфон шаҳодат медиҳад.
Инчунин вохӯрии ҷашнии машваратӣ боз як тасдиқи иродаи қавии сиёсии кишварҳо барои таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкории байнидавлатӣ ба манфиати халқҳои бародар хоҳад буд.
Дар чаҳорчӯбаи мизбонӣ аз ин вохӯрӣ Тоҷикистон ташаббускори баргузор намудани як силсила чорабиниҳои рӯзмарра гардид, ки қариб панҷоҳ чорабиниро дар бар мегирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳадаф аз баргузор кардани ин чорабиниҳо – дар Осиёи Марказӣ мустаҳкам намудани муҳити нави боварӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ мебошад. Ба қавли Пешвои миллат “Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки омили бехатарӣ шарти муҳимтарини бомуваффақият ба амал баровардани нақшаву иқдомҳои созандаи мо аст”,
Аз ин рӯ, умед дорем, ки баргузории Вохӯрии навбатии машваратӣ дар Тоҷикистон заминаи роҳандозии амалҳои мақсаднок ва ба ҳамгироӣ равонагаштаи кишварҳо гашта, инъикосгари манфиати мутақобила, ҳалли дастаҷамъонаи мушкилиҳои умумӣ, афзоиши мубодилаи иқтисодию фарҳангӣ ва болоравии сатҳи зиндагии сокинони минтақаи Осиёи Марказӣ мегардад.,
Амриддин Шарипов
н.и.т., дотсент, мудири
кафедраи муносибатҳои
байналхалқии ДМТ