Имрӯз дар Қасри миллат Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал таҳти раёсати Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд.
Дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, иштирок доранд.
Нахуст дар Қасри миллат сарони давлатҳои Қазоқистон, Туркманистон ва Узбекистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гарму самимӣ истиқбол гирифданд. Сипас маросими аксбардории роҳбари кишвари мизбон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо президентҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Туркманистон ва Узбекистон дар толори Қасри миллат сурат гирифт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Аралро, ки таҳти раёсати Тоҷикистон сурат мегирад, ифтитоҳ карда, ҳамаи иштирокчиёнро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.
Ёдовар мешавем, ки ин лаҳзаҳо дар Қасри миллат Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал идома дорад.
(Бо расидани маълумоти расмӣ хабар такмил меёбад)
Нуралӣ Давлат
радиои “Тоҷикистон”