Дар доираи таҷлил аз ҷашни бузурги миллӣ- 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароит ва имконоти мусоид баҳри ташхис ва табобати шаҳрвандон имрӯз, 13 сентябри соли равон бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихони Ҷамшед, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва намояндагони ташкилоти хайриявии “Тоҷикистон” бинои нави Беморхонаи минтақавии рақами 3-и ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шудааст.
Ба сомонаи расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иншооти нави тандурустӣ аз 2 ошёна иборат буда, корҳои сохтмонии он соли 2022 оғоз гардида буд.
Ба иттилои манбаъ, шӯъбаи таваллуди беморхонаи навбунёд дорои 10 кати хоби бистаринамоӣ мебошад, ки дар маҷмӯъ иншооти нави тандурустӣ ба аҳолии беш аз 40 ҳазор нафараи ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат хизмат хоҳад расонид.
Дар беморхонаи мазкур ҳамзамон маҷмӯаи ҷарроҳӣ, маҷмӯи стоматологӣ, дастгоҳи рентгени рақами, УЗӢ, таҳлилгоҳ ва дар умум лавозимот ва таҷҳизоти ҳозиразамон ҷиҳозонида шудааст.