Наҷоти як сокини пойтахт аз дохили лифти бинои бисёрошёна

4 сентябри соли 2023 соати 21:43 дақиқа дар бинои бисёрошёна воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе лифт аз кор мондаву дар дохили он як бошандаи ин хона дармондааст, наҷот дода шудааст. 

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст. 

Ба иттилои манбаъ, Кормандони наҷоти Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расиданд ва бо истифода аз таҷҳизоти махсус дари лифтро боз карданд ва шаҳрманди дар дохили он мондаро берун оварданд.