ШУРОҲОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ – ДАСТОВАРДИ ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Илм хуршед асту олим нурпош,

Олимо, бар аҳли олам нур пош!

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории халқи тоҷик марҳалаи нави рушд буда, ҳамчун як падидаи мунаввару дурахшон бо гузашти замон арзишаш афзуд мешавад. Ҳамзамон истиқлоли миллӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳодисаи нодир ва бесобиқа аст, ки инро рушди босуботи ҷомеа далел мебошад. Маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва баъдан ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мардуми шарафманди тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои асосии давлатдориамонро мустаҳкам намуда, барои арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва рушди муназзами кишвари азизамон камари ҳиммат баста, ба дастовардҳои зиёде ноил гардид. Аз ҷумла, донишҳои адабӣ дар ин замон рушд карда, дар заминаи улуми адабӣ аз ҷониби мутахассисони соҳаи филология пажуҳишу таҳқиқоти назаррас анҷом шуданд.

Донишҳои адабӣ дар таърихи илму фарҳанги тоҷикон ҷойгоҳи хеле баланду пурифтихор доранд. Маҷмуи донишҳои филологӣ, ки дар гузашта бо мафҳуми “адабиёт” ифода мешуданд, давра ба давра ташаккул ёфта, ҳамзамон бо пайдо шудани шохаҳои ҷадиди маърифати адабӣ теъдоди он афзоиш меёфт. Дар асрҳои миёна китобҳои доиратулмаориф мавҷуд буданд, ки дар онҳо улуми адабӣ дар радифи дигар шохаҳои илму дониш баррасӣ шудаанд. Илми адаб ё улуми адабӣ марҳалаи муҳимми таълим ба шумор мерафт.

Мурод аз ин муқаддимаи кутоҳ баёни андешаву мулоҳизот атрофи дастовардҳои замони Истиқлоли Тоҷикистон оид ба “яке аз соҳаҳои калидӣ ва меҳварии кишвар” – маориф мебошад.

Замони соҳибистиқлолӣ дар радифи масъалаҳои зиёди печидаву сарбастаи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ заруратеро пеш овард, ки ба мактабу маорифи миллӣ эътибори вижа дода, ин соҳа ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва меҳварӣ шинохта шавад. Ин давраро ба маънои томаш даврони эҳёи мактабу маориф ва илму фарҳанги миллӣ метавон гуфт, ки бо ному пайкори бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд ва тавъам мебошад.

Бо ташаббуси Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҷавонони минтақаҳои дурдасти кӯҳистон квотаи президентӣ таъсис дода шуд. Дар донишкадаву донишгоҳҳои олии кишвар тибқи квотаи президентӣ як гурӯҳ донишҷӯён ҳамасола ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, ки аксари онҳо бо баҳои хубу аъло хонда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Ниёзи дигари замони Истиқлол такомули худшиносии миллӣ тариқи созмон додани конфронсу ҳамоиш ва симпозиумҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалист. Воқеан, дар ин самт Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худашон намунаи ибрат буда, дар асарҳояшон шахсияту чеҳраҳои маъруфи гузаштаву замони нави илму адабро ба ворисонашон муаррифӣ намуда, дар ташаккулу такомул ёфтани худшиносӣ ва густариши ҳофизаи таърихии мардуми тоҷик саҳм гузоштаанд.

Давлати соҳибистиқлоли мо дар омодасозии мутахассисони соҳибмаълумоти соҳаи филология ҳамвора эътибори ҷиддӣ медиҳад ва дар як муддати кутоҳи таърихӣ чандин коллеҷҳои омӯзгорӣ, донишгоҳҳову донишкадаҳои дорои равияи филологӣ ифтитоҳ шуданд, ки дар донишгоҳҳои мазкур мутахассисони соҳаи филология тайёр карда мешаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои омодасозии мутахас­сисони соҳибунвони соҳаи филология пайваста ғамхориҳо зоҳир менамояд. Аз ҷумла, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12-уми августи соли 2014, таҳти № 255 Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, аз 27-уми феврали соли 2015, таҳти № 377 доктори илмҳои таърих, профессор Розиқзода Абдулҳакими Шералӣ раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестат­сионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» таъйин карда шуд.

Баъд аз таъсис ва ба фаъолият шуруъ намудани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодани шуроҳои диссертатсионӣ дар соҳаҳои гуногуни илмҳои филологӣ аз ҷиддитарин иқдомоти ғамхоронаи давлату ҳукумати миллӣ дар як муддати кутоҳи таърихӣ аст, ки баҳри болоравии ҳамаҷонибаи соҳа комилан мусоидат намуд. Ин худ гувоҳи он аст, ки роҳбарияти мамлакат ба рушди илмҳои филологӣ ҳамчун соҳаи бунёдӣ ва тафаккурсози ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ғамхориҳои пайваста менамояд.

Баъд аз таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои омодасозии мутахассисони дорои дараҷаи илмӣ аз 27-уми октябри соли 2017, №57 бо фарогирии се ихтисос дар ҳайати 27 нафар шурои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илми филология ва доктори илми филология аз рӯйи ихтисосҳои 10.01.00 – Адабиётшиносӣ (10.01.01 – Адабиёти тоҷик; равобити адабӣ, 10.01.03 – Адабиёти кишварҳои хориҷии Аврупо, Осиё, Африқо, сокинони бумии Амрико ва Австралия (бо нишон додани адабиёти кишвари алоҳида) ва 10.01.10 – Рӯзнома­нигорӣ) ва оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисосҳои 6D020500 – филология, 6D021000 – филологияи хориҷӣ, 6D050300 – рӯзноманигорӣ таъсис дода шуд.

Шуроҳои диссертатсионие, ки айни замон дар пояи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, таърихи беш аз 70-сола доранд. Фаъолияти шуроҳои дифоъ баъд аз таъсиси Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дар солҳои 50-уми асри ХХ ба роҳ монда шуда буд. Барои исботи ин фикр нусхаи рӯйхати ҳайати шуро ва протоколи комиссияи ҳисоб аз ҷараёни шурои дифоъ дар илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси забоншиносӣ ҳангоми баргузории ҳимояи номзадии собиқ декани факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин Арзуманов Степан Ҷаводович дар дасти мо қарор дорад, ки аз рӯйи он раванди густариш ва рушди илмро дар Донишгоҳи азизи мо- Донишгоҳи миллии Тоҷикистон метавон муайян кард.

Дар ҳайати Шурои дифоъ дар он замон олимони соҳаҳои гуногун: таърих, филология, геология, химия, биология, физиология, философия, математика, ҳуқуқ узвият доштанд, ки аксарашон номзади илм буданд. Дар чунин ҳайат рисола дар соҳаи филология ва дигар тахассусҳо дифоъ мешудааст. Агар ба шароити воқеии имрӯз муқоиса кунем, маълум мешавад, ки дар аксар соҳаҳои дониши дар боло зикршуда шурои дифои алоҳида амал мекунад. Аз ҷумла, танҳо дар факултети филологияи ДМТ ду шурои филологӣ дар бахшҳои забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ фаъолият дорад, ки ҳамаи ҳайати онҳоро докторони илми филология ва профессорон ташкил медиҳанд.

Шурои адабиётшиносӣ бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттес­татсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷиқистон аз 7-уми январи соли 2022, № 23/шд тасдиқ шудааст.

Шурои забоншиносӣ бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттес­татсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июли 2022, № 210 тасдиқ шудааст.

Гуфтан бамаврид аст, ки аввалин нафароне, ки дар шуроҳои диссертатсионии забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд, номзадони илмҳои филология, дотсентон: Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм (соҳаи забоншиносӣ) ва декани феълии факултети филологияи ДМТ, номзади илмҳои филология, дотсент Сироҷиддини Эмомалӣ (шурои адабиётшиносӣ) мебошанд.

Барои ташкили шуроҳо дар чунин ҳайати бонуфуз омилҳои таъсиррасон зиёд будаанд, ки дар он миён муҳимтаринашон шароити мусоиди замони Истиқлол барои рушди илм дар кишвари азизамон мебошад. Аз замони таъсиси факултети таъриху филология бо фарогирии шуъбаи забонҳои Шарқ солҳои зиёде сипарӣ шуданд. Дар ин муддат бо заҳмату талошҳои фарзонафарзандони ин ошёни суханшиносон чандин насли ҷавон рӯйи кор омада, соҳиби дараҷаву унвонҳои илмӣ гардиданд. Баъди солҳои 70-уми асри ХХ ва замоне, ки шуъбаи забонҳои Шарқ аз факултети филология ҷудо шуду соҳибҳуқуқ гардид, зарурати аз нав таъсис додани шуро дар пояи факултети филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин ба миён омад. Хушбахтона, чунин имкониятро факултети филология дошт. Ҳамин буд, ки аз ҳисоби олимону донишмандони ин боргоҳи илму маърифат бори нахуст шурои равияи илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.01.03 – Адабиёти халқҳои ИҶШС ва ихтисоси 10.02.02. – Забонҳои халқҳои ИҶШС дар ҳайати 14 нафар таъсис дода шуд.

Мо, устодону кормандони имрӯзаи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идомаи кору пайкори гузаштагони накуномамонро қарзи шогирдию фарзандии хеш дониста, мекӯшем, ки ҷиҳати рушди соҳаи филология боз ҳам ҷаҳду талоши бештар намоем. Ҳайати имрӯзаи факултети филология, худро муваззаф медонад, ки ба хотири пос доштани арзишҳои миллӣ, шод кардани рӯҳи устодони фақид, қадр намудани заҳмату хидматашон дар рушди илмҳои филология ва ҳам ба хотири идомаи ҷаҳду талошҳояшон баҳри расидан ба ин рӯзи саодати миллат, кори онҳоро идома диҳем.

Воқеан, шоири зиндаёд Ҳабибулло Файзулло дар ин маврид хуб фармудааст:

Баъди мо мерос дар рӯйи ҷаҳон,

Одамию қадрдониҳои мост.

СИРОҶИДДИНИ ЭМОМАЛӢ,

доктори илмҳои филология, профессор,

декани факултети филологияи ДМТ