Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон иштирок менамоянд

Рӯзҳои 16-24 сентябр дар пойтахти Сербия шаҳри Белград мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии тарзи озод ва юнонию римӣ баргузор мешавад.

Тибқи иттилои Федератсияи гуштини Тоҷикистон, дар ин мусобиқа кишвари моро варзишгарони зерин намояндагӣ мекунанд:

Гуштини тарзи озод:
Абдулмаҷид Кудиев (-65кг)
Мустафо Аҳмадов (-70кг)
Магомед Евлоев (-74кг )
Шуҳрат Бозоров (-79кг)
Гуштини юнонию римӣ
Асламҷон Азизов (-60кг)
Фирӯз Мирзораҷабов (-67кг)