Душанбе мизбони Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад

 14 сентябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми дуюми ректорони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» дар истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Форуми мазкур дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки аз 13 то 15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, баргузор мегардад.

Дар Форум вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон иштирок намуда, барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти илму маориф изҳори назар менамоянд.

Форум имкон фароҳам меорад, ки ҳамкории давлатҳои мазкур дар самти маориф ва илм густариш ёфта, табодули устодону донишҷӯён зиёд гардад.