Ифтитоҳи бунгоҳи саломатӣ дар ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ имрӯз, 22 августи соли равон бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Бунгоҳи саломатии Арбобӣ воқеъ дар ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шудааст.

Тавре Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар хабар медиҳад, бунгоҳи саломатӣ аз чор шӯъба иборат буда, дар он барои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, муассисаи тандурустии мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ таъмин гардидааст.

Иншооти тандурустӣ ба 2 ҳазор аҳолии маҳаллаи мазкур хизмати тиббӣ хоҳад расонида, ба истифода додани ин Маркази саломатӣ имкон медиҳад, ки сокинони маҳаллаи мазкур ба ҷои дур нарафта, дар ҷои истиқомати худ бо ёрии аввалияи тиббӣ таъмин гарданд.