Ҷудокорони навраси тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон-2023 иштирок менамоянд

Рӯзҳои 23-27 августи соли равон дар пойтахти Хорватия шаҳри Загреб – Чемпионати ҷахон оид ба ҷудо миёни наврасон баргузор мешавад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа варзишгарони зерин намояндагӣ мекунанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ варзишгарони зерин намояндагӣ мекунанд:

Мадина Қурбонзода (-48кг)
Лоиқ Қутбудинов (-55кг)
Икром Шамсов (-55кг)
Ёсин Бобокалонов (-60кг)
Ворис Назаров (-66кг)
Муҳаммадамин Лоиқов (-66кг) Аминҷон Абдуҷалилзода (-73кг)

Чемпионати ҷахонии ҷудо миёни наврасон-2023 дар доираи мусобиқоти сайри ҷахонии ҷудо баргузор мешавад. Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо ҷоизапулии арзишманд қадрдонӣ мешаванд.

Инчунин, варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар радабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ соҳиби имтиёз мегарданд.