Вазорати корҳои хориҷӣ бо нашри рӯйхате номи ронандагоне, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, тавассути воситаҳои махсуси “Шаҳри бехатар” сабт гардида, ҷаримаҳоро пардохт накардаанд, ифшо кард.
Ба иттилои манбаъ, вақтҳои охир баъзе ронандагони воситаҳои нақлиёт, алалхусус ҷавонон дидаву дониста талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона сарфи назар намуда, ин амалҳои номатлуби худро идома медиҳанд.
Манбаъ мушаххасан аз навъи қоидавайронкунӣ ва ҳаҷми ҷаримаҳои пардохтнашудаи онҳо тафсилот надодааст, аммо зикр гардидааст, ки пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ дар ҳудуди пойтахт ва қойдавайронкуниҳо дар қиёс ба солҳои пеш кам гардида бошад ҳам, вале то ҳанӯз омилу сабабҳое дар ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷой доранд, ки аз ҳар кадоми мо – иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маърифати баланди ҳуқуқӣ ва одобу муносибати шаҳрнишинро тақозо менамояд.
Бинобар ин, ВКД аз ҳамаи шаҳрвандон, ба хусус ронандагони воситаҳои нақлиёт ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ эҳтироман хоҳиш намудаасӣ, ки талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, бо ин амали шоистаи худ садамаҳои нақлиётиро пешгирӣ намоянд.
№ | Тамға | Рақами қайди давлатӣ | ҚҲР | Ному насаби ронанда ё ташкилот | Суроға |
1 | «Тойота-Камри» | 4832АХ01 | 50 | Раҷабиён Баҳодур Олмаҳмад | ш.Душанбе, н.Сино-1, к.Роҳи нав-28, хонаи 6\1 |
2 | «Тойота Королла» | 2841НР01 | 14 | Ҳомидов Умедҷон Раҳматуллоевич | ш.Душанбе, н.Сино-1, к.Муҳаммадиева х.44.ҳ.82 |
3 | «Мерседес Бенс» | 1975ХЕ01 | 20 | Пирназаров Ҳокимҷон Додарҷонович | ш.Душанбе, к.Фирдавсӣ, х.50., ҳ.112 |
4 | «Мерседес Бенс» | 9664АЕ03 | 34 | Яқубов Шермаҳмад Сариевич | ш.Ваҳдат, деҳаи Гулистон |
5 | «Опел Астра» | 2668ЕМ01 | 13 | Ҷобирзода Зиёрат Анвар | ш.Душанбе, н.Сино-2, к.Ғафуров х.6\2, ҳ.31 |
6 | «Дэу-Тико» | 1015ВА07 | 38 | Нарзуллоев Иброҳим Ашурбекович | н.Рӯдакӣ, ҷамоати Сомониён, к.Ватан |
7 | «Мерседес Бенс» | 5987МВ01 | 20 | Рауфов Фаридун Давлатхуҷаевич | ш.Душанбе, н.Сино-1, к.Ғуломов, х.33, ҳ.38 |
8 | «Равон» | 4141СХ01 | 50 | Раҳмонов Қурбоналӣ | ш.Душанбе, н.И.Сомонӣ, х.113, ҳ.22 |
9 | «Опел Астра» | 1680КМ02 | 20 | Аюбов Саидбой Салимович | в.Суғд, н.Б.Ғафуров, ҷ.Ғозиён, к.Т.Юсупов-42 |
10 | «Равон» | 1932ТТ09 | 18 | ҶДММ «Сайёҳон» | ш.Душанбе, к.А.Қаҳҳоров-21 |
11 | «Тойота Прадо» | 843ZP01 | 23 | Муасисаи таълимии хусусӣ | ш.Душанбе, н. И.Сомонӣ, к.Лоҳутӣ-34 |
12 | «Форд» | 8206ЕА01 | 20 | Иброҳимов Мухаммаджон Файзуллоевич | ш.Душанбе, н.Сино-1, к.Ломоносов, х.216\2 ҳ.13 |