Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати CAFA-2023 иштирок менамоянд

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15), ки моҳи октябри соли 2024 дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2025 ширкат мекунад, дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ҳунарнамоӣ мекунад.

Чемпионати CAFA-2023 миёни дастаҳои наврасони (U-17) аз 20-ум то 27-уми август дар Варзишгоҳи марказии шахри Ҳисор баргузор мешавад. Дар мусобиқа дастаҳои наврасони 4-кишвари минтақа – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон иштирок мекунанд. Мунтахаби наврасони кишварро Далер Қаёсов ба мусобиқаи дарпешистода омода менамояд.

Дар доираи чемпионати CAFA-2023 (U-17) 10-бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила сурат мегирад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари имтиёзҳо муайян карда мешавад.