Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар майдони назоратии «Сойи оби шӯр»-и Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд

Дар идомаи сафар  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдончаи назоратии “Сойи оби шӯр”-и Неругоҳи барқи обии “Роғун” ташриф оварда, бо лоиҳа ва ҷараёни корҳо дар қисмати ҳавоии хати конвейерӣ шинос шуданд.

Ин қисмати хати конвейерӣ дар ҳолати баланд бардоштани сатҳи об барои интиқолу захира намудани маводи шағал аз қисматҳои болоӣ ба поёнии сарбанд хизмат менамояд. Қисмати ҳавоии иншооти мазкур аз болои «Сойи оби шӯр» гузашта, дарозии хати конвейерӣ дар ин қитъа 640 метрро ташкил медиҳад. Дар соҳили чап ва рости хати мазкур бетонхобонии таҳкурсиҳои он пурра анҷом ёфта, боқимондаи корҳо тибқи нақша бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба идома ёфта истодааст.

Феълан як қисмати таҷҳизоти хати конвейерӣ дар таҳкурсии бунёдёфта насб гардида, мутахассисон барои пайваст намудани қисматҳои боқимондаи иншоот кор бурда истодаанд.

Таҷҳизоти хати конвейерӣ аз ширкати итолиёвӣ дастрас гардидаву насб мешавад ва ин иншоот корро дар самти интиқоли маводи шағал аз як қисмати сарбанд ба қисмати дигари он осону камхарҷ менамояд. Паҳноии тасмаи хати конвейерӣ 1400 мм ва иқтидори он дар 1 соат кашондани 3 ҳазор тонна мебошад.

Корҳои сохтмонии қисмати ҳавоии хати конвейерӣ аз ҷониби ширкати “Вибилд” иҷро гардида, барои сари вақт бунёд намудани хати мазкур шароити зарурии корӣ фароҳам оварда шудааст. Сохтмончиён кӯшиш доранд   бо дарназардошти талаботи сохтмонӣ  иншооти  мазкурро дар муҳлати муқараргардида мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Дар ҳамин мавзеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Майдончаи сохтмонии №5 шинос шуданд. Дар ин қитъаи сохтмонӣ  қубурҳои обкаши шахтаҳои обқабулкунакҳои доимӣ омода мешаванд.

Дар айни ҳол дар ин қитъа корҳои кафшергариву омодасозии қубурҳо бо қутри 7 метр, ки ҳар кадоми он то 48 тонна вазн дорад, идома дошта, онҳо барои истифода дар обқабулкунаки агрегати №4 пешбинӣ шудаанд.

Қубурҳои мазкур дар шакли нимдавра дар Заводи гидромеханикии шаҳри Норак бо истифода аз масолеҳи баландсифат омода гардида, ба неругоҳ ворид мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ таъкид доштанд, ки пеш аз ҳама, масъулин бояд ба сифати корҳо диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Дар майдончаи мазкур ҳамчунин Заводи таҷрибавию механикии шаҳри Норак ба ҷамъоварӣ ва васли қубурҳои шахтаи обрасонӣ-турбинаи агрегати рақами 3 шуруь намудааст. Тибқи лоиҳа, дар ин қисмати неругоҳ то сатҳи 1125 метр, 2284 тонна оҳанфулузот истифода хоҳад шуд, ки ин миқдор масолеҳ дар майдончаи сохтмонӣ аллакай барои васл кардан дастрас гардидааст ва бо дарназардошти талабот, қубурҳои мазкурро сохтмончиён дар муҳлати муқарраргардида омода хоҳанд кард.

Бояд таъкид намуд, ки дар майдончаи сохтмонии мазкур ду ширкати ватанӣ — Ширкати «»Тоҷикгидромонтаж» ва Заводи таҷрибавию механикии шаҳри Норак ба васлу омодакунии қубурҳои шахтаҳои обрасонӣ-турбинаҳо ва шахтаи обқабулкунакҳои доимии агрегатҳо машғул мебошанд.