9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз корхонаи сангу шағали ширкати “Вибилд” ба майдони назоратии иншооти обқабулкунакҳои доимии Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки дар сатҳи 1300 метр аз сатҳи баҳр бунёд мешавад, ташриф оварданд.
Дар ин мавзеъ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди корҳои сохтмонию васлгарӣ ва бетонхобонию насби лангарҳо дар шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунакҳои доимии агрегатҳои №1,2,3,4,5 ва 6-и Неругоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуданд.
Бояд гуфт, ки пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ тариқи ҳамин иншоот агрегатҳои неругоҳ бо об таъмин гардида, барқ истеҳсол менамоянд. Обқабулкунакҳои доимӣ аз нигоҳи муҳандисӣ аз қисматҳои мураккаби сохтмони неругоҳ ба шумор мераванд. Қутри обқабулкунакҳо 13,4 метрро ташкил медиҳад.
Мувофиқи лоиҳа, корҳои таркишӣ ва заминӣ дар ин иншоот 5,9 миллион метри мукаабро дар бар мегиранд ва корҳои то ба имрӯз анҷомёфта 80-90 фоизи нақшаро ташкил медиҳанд.
Насби лангарҳои АЖГ аз 472 ҳазору 230 метри лоиҳавӣ ба андозаи 68 ҳазору 586 метр иҷро гардида, гузоштани лангарҳои ПНА аз 125 ҳазору 186 метри лоиҳавӣ ба миқдори 81 ҳазору 137 метр иҷро шудааст.
Иншооти обқабулкунакҳои доимӣ дар сатҳи 1300 метр аз 6 шахта иборат буда, корҳои сохтмону нақбканӣ ва бетонрезию насби лангарҳо бо ҷалби коргарону мутахассисони Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Заводи таҷрибавӣ — механикӣ”-и шаҳри Норак пеш бурда мешаванд. Дар ин қитъаи сохтмон корҳои заминии омода намудани обқабулкунакҳои асосӣ, роҳҳои дастрасӣ ба онҳо, тозаю ҳамвор ва мустаҳкам намудани фарози кӯҳҳо то сатҳи 1 ҳазору 552 метр идома доранд.
Корҳои нақбканӣ, бетонхобонӣ, пармакунӣ, хокпартоӣ ва насби лангарҳо дар шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои аз 1 то 6-и неругоҳ дар ду баст ҷараён дошта, то имрӯз дар ҳаҷми 64,1 ҳазор метри мукааб корҳои ҳаффорӣ иҷро шудаанд, аз ҷумла дар шахтаи амудии дарвозаҳои обқабулкунаки агрегати №1 дар ҳаҷми 11 ҳазору 600 метри мукааб, дар шахтаи амудии дарвозаи обқабулкунаки агрегати №2 дар ҳаҷми 12 ҳазор метри мукааб, дар агрегати №3 дар ҳаҷми 17 ҳазор метри мукааб, дар агрегати №4 дар ҳаҷми 16 ҳазор метри мукааб корҳои канданӣ иҷро шудаанд. Дар шахтаи амудии дарвозаҳои обқабулкунаки агрегати №5 ва 6 корҳои нақбканӣ идома доранд ва мутаносибан дар чуқурии 40 ва 12 метр дар ҳаҷми 5 ҳазору 800 метри мукааб ва 1 ҳазору 700 метри мукааб иҷро гардидаанд.
Шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки агрегатҳои №1,2 ва 5,6 аз сатҳи 1300 метр то 1178 метр мавқеият дорад ва баландии ҳар кадом тибқи лоиҳа 122 метрро ташкил медиҳад. Шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки агрегатҳои №3 ва 4 то ба сатҳи 1160 метр мавқеият доранд. Тибқи лоиҳа, баландии ин ду шахта ба 140 метр баробар аст.
Дар айни замон корҳои нақбканӣ, пошидани маҳлули бетонӣ, гузоштани аркаҳои оҳанӣ, насбу васли лангарҳо, сементатсия, бетонхобонӣ дар шахтаҳои мазкур мутобиқ ба меъёрҳои лоиҳавӣ идома доранд. Дар ин қитъаи сохтмони неругоҳ бештар аз 50 техникаи муқтадир ва мутахассисони соҳибтаҷриба истифода ва ҷалб гардидаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид бо масъулону бунёдгарони иншоот суҳбатҳои самимӣ анҷом доданд ва бунёди ин иншооти асрро саҳифаи нав дар таърихи миллати тоҷик номиданд.
Сарвари давлат дастур доданд, ки қабл аз ҳама, ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намудан зарур аст. Коргарону мутахассисон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъда доданд, ки барои анҷоми муваффақонаю босифати корҳо саъйю талоши худро равона менамоянд.
Баъди боздид аз ҷараёни корҳо дар шахтаҳои дарвозаҳои обқабулкунакҳои доимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нуқтаи назоратии нақби нақлиётии Т-9 ба раванди корҳои ядрои сарбанд дар сатҳи 1034 метр ва сарбанди сатҳи 1140 метр таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Ёдовар мешавем, ки баландии лоиҳавии сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии “Роғун” 335 метр буда, дарозии шонаи сарбанд 670 метр аст. Сатҳи болоии нигоҳдории об 1290 метр аз сатҳи баҳр, ҳаҷми хобонидани маводи сарбанд 80 миллион метри мукаабро дар бар мегирад. Масоҳати обанбор 170 километри мураббаъ ва ҳаҷми он дар сатҳи 1290 метр 13,3 миллион метри мукаабро ташкил менамояд. Неругоҳи барқии обии “Роғун” бо тавлиди 3600 мегаватт калонтарин неругоҳи барқи обӣ маҳсуб мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз раванди корҳои бунёдӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, дар иртибот ба ин масъулинро муваззаф намуданд, ки барои сари вақт бунёду иҷрои корҳои созандагӣ дар ин “Кохи нур” пурмасъул бошанд ва барои амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат дар самти ноил гардидан ба “Истиқлолияти энергетикӣ” саҳми муносиб гузоранд.