Музаффар Ашуриён, вазири адлияи кишвар имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар нимсолаи авали соли 2023 ба вазорат ва сохторҳои он 23, 8 ҳазор мавод вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2604 мавод кам аст.
Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки дар давоми нимсолаи аввали соли 2023 Вазорати Адлия 85 санади меъёрӣ – ҳуқуқии хусусияти умумӣ – ҳатмӣ доштаи мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатиро аз экспертизаи зидди коррупсионӣ гузаронид, ки дар 25 санади он омилҳои ба вуҷудоварандаи коррупсия ошкор карда шуд.
Дар идомаи нишасти хабарӣ Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон изҳор дошт, ки сабаби асосии барҳам додани ташкилотҳои ҷамъиятӣ ин ба анҷом расонидани рисолаташон ва раҳо шудан аз уҳдадориҳояшон ба монанди супоридани иҷораи бино ва додани андоз мебошад. Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки дар бештар маврид худи ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои қатъ кардани фаъоляташон муроҷиат мекунанд, ки ин ҳолат ба манфиати Вазорати адлия ва сохторҳои он намебошад.
Ҳамчунин Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли равон шумораи бастани ақди никоҳ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд шуда, шумораи ҷудошавии оилаҳо кам гаштааст. Илова бар ин шумораи таваллуд кам гардида, шумораи фавт зиёд шудааст. Ба гуфтаи Музаффар Ашӯриён, давоми 6 моҳи соли 2023 дар Тоҷикистон 32,8 ҳолати никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 ҳазор адад зиёд мебошад. Ҳамзамон дар ин давра 5,4 ҳазор ҳолати бастани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати нишондоди ҳамин давраи соли қаблӣ 26% камтар мебошад.
Сарвинози Сайидалӣ
радиои Тоҷикистон