Дар ним сол гардиши савдои хориҷӣ ба беш аз 3 миллиард доллар расидааст

Дар нимсолаи якуми соли 2023 гардиши савдои хориҷӣ тибқи маълумоти оморӣ 3 млрд 415,0 млн долларро ташкил дод – гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси Агентии содирот Баҳриддин Сироҷиддинзода.

Ҳамзамон зимни нишасти ин ниҳод иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 102 мамлакат, аз он ҷумла ба 10 мамлакати ИДМ ва бо 92 мамлакати хориҷи дур муносибати савдои хориҷиро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла ба 47 давлат маҳсулот содирот карда шудааст.

Ба иттилои мутахассисони Агентии содирот як қатор маҳсулоти кишоварзӣ аз рӯи ҳаҷм нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардиданд, аз он ҷумла меваи хушк 4994,1 тонна зардолу 5313, 1 тонна ангур 4299,0 тонна, олуболу ва гелос 312,9 тонна, тарбуз 273,9 тонна, мурғҳои зинда 203,6 тонна, марминҷон ва тут 127,2 тонна, қаламфури ширин 59,1 тонна, тухмҳои сабзавот ва меваҳо 27,0 тонна, қаламфур 1,2 тонна, асали табиӣ 1,1 тонна ва дигар меваҳо 163,6 тонна мебошад.