Футболбози тоҷик ба бошгоҳи «Атирау»-и Қазоқистон гузариш кард

Нимҳимоятгари 18-солаи тими олимпии Тоҷикистон (U-23) Фатҳулло Олимзода корномаи футболбозияшро дар бошгоҳи «Атирау» идома медиҳад. Ин даста дар премйер-лигаи Қазоқистон ҳунарнамоӣ мекунад.

Фатҳулло нимаи аввали мавсимро дар ҳайати «Равшан»-и Кӯлоб гузаронда буд.

Фатҳулло Олимзода моҳи март ба ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ҷиҳати иштирок дар Ҷоми Осиё-2023 даъват гардид, лекин ба далели ҷароҳат бардоштан дар қисми ниҳоии мусобиқа бозӣ карда натавонист.

Ёдовар мешавем, ки қаблан футболбози дигари тоҷик Хусрав Тоиров, ки моҳи марти соли 2023 бозигари дастаи «Шахтёр»-и Украина шуд, дар «Атирау»-и Қазоқистон ҳунарнамоӣ мекард.