Ифтитоҳи мактаби хусусии «Аркон» дар Хуҷанд. ​Арзиши моҳонаи таҳсил 980 сомонӣ

1-уми сентябр дар маҳаллаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд мактаби хусусии «Аркон» ифтитоҳ гардида, ба фаъолият пардохт.  Мактаби мазкур  бо саҳми соҳибкори ватанӣ​ Умеда Гадойбоева бунёд шуда, алҳол танҳо хонандагони синфҳои 1 ва 2-ро барои таҳсил қабул менамояд.

Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар додааст. Бино ба иттилои манбаъ дар мактаби навтаъсис хонандагон фанҳоро дар баробари забони давлатӣ, ҳамзамон бо забони англисӣ азбар менамояд. Таҳсил шартномавӣ буда, арзиши моҳонаи он 980 сомониро ташкил медиҳад. Баъди хатми соли таҳсил ба хонандагон​ сертификати эътирофшудаи сатҳи байналмилалии мактаби Кембриҷи Британияи Кабир, ки аз аз ҷумлаи муассисащои таълимии хеле шуҳратманду бонуфузи олам мебошад, дода мешавад. Омўзгорон дар як ҳафта се маротиба тариқи онлайн аз машғулиятҳои устодони макотиби пешрафтаи ҷаҳонӣ бархўрдор мешавад ва​ маоши онҳо​ аз 2000 то 4000 сомониро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ки  мактаби хусусии «Аркон» дар заминаи Маркази забонҳои «Аркон» ки 8 сол инҷониб фаъол аст, таъсис ёфтааст. Бинои мактаби мазкур аз таҳхона ва 3 ошёна иборат буда, дар таҳхона ошхона, толори варзиш ҷой гирифтааст. Дар се ошёнаи бинои муассиса синфхонаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва таҷҳизоти хониш муҷаҳҳаз карда шудааст. Дар муассисаи таълимӣ китобхона, қироатхона, хонаи омӯзгорон, ҷойи дамгирии хонандагон ва 16 адад синфхона мавҷуд аст. Машғулияту дарсҳо бо истифода аз усулҳои пешрафтаи таълим ба роҳ монда мешаванд.​

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *