Темур Раҳимов дар мусобиқаи Hungary Masters 2023 медали нуқраро ба даст овард

Дар рӯзи сеюми мусобиқаи Hungary Masters 2023 дар шаҳри Будапешт рақобатҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг, миёни мардон ва дар вазнҳои -78кг, +78кг миёни бонувон сурат гирифт.

Тоҷикистонро дар ин рӯзи рақобатҳо миёни мардон дар вазни -90кг Комроншоҳи Устопириён ва дар вазни +100кг Темур Раҳимов намояндагӣ карданд, ки варзишгари маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар вазни +100кг ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд.

Темур Раҳимов, ки дар даври аввал озод буд, рақобатро дар даври дуюм бо варзишгари Нидерландия Йелле Сниппе идома дод. Темур дар даври 1/4 ниҳоӣ бар Юн Чагу, дар нимфинал бар Кокоро Кагеура пирӯз гардида, дар финал аз варзишгари Финляндия Мартти Пуумалайнен шикаст хурд ва медали нуқраи мусобиқаи Hungary Masters 2023-ро ба даст овард.

Сорбон Амонуллозода