Давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва мақомоти он дар маҳал 7803 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардидааст.
Ин нуктаро раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ Ориф Хоҷазода зимни нишасти матбуотӣ зикр намуда, гуфт барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 7000 дастур дода шудааст.
Дар баробари ин нисбати 6548 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 3 678027 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул гардидааст.
Тавре иттилоъ дода шуд дар давраи нимсолаи якуми соли 2023 аз ҷониби комиссияи иҷозатномадиҳии Кумитаи давлатӣ барои амали намудани фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ 3 иҷозатнома дода шудааст.
Ширин Иноятова
радиои “Тоҷикистон”